[Донишгоҳи Стэнфорд www.stanford.edu] Рови: Ин барнома аз тарафи Донишгоҳи Стэнфорд пешниход шудааст. Мархамат кунед ба сомонаи мо: stanford.edu [Қарсак] Стив Ҷобс: Рахмат. [Стив Ҷобс - раиси Apple ва Pixar Animation] Ҷобс: Барои ман ифтихори калон аст имруз бо шумо дар супоридани дипломхои яке аз донишгоххои бехтарини дунё иштирок намоям. [садои ҳуштаки тамошобинон] Иқрор мешавам, ман коллеҷро хатм накардаам. Ягон вакт ба мисли ҳозира ба хатм наздик нашуда будам. (Ханда) Ман имруз се киссаро аз ҳаёти худам ба шумо накл кардан мехохам. Ва тамом. Ягон чизи бузург не. Танхо се кисса. Киссаи якум-дар бораи васлкунии нуктахо. Ман Reed College-ро баъди 6 мохи хониш партофтам, вале он чо хамчун «мехмон» боз 18 мохи дигар мондам, То вакте, ки окибат нарафтам. Барои чи ман хонданро партофтам? Хамаи чиз пеш аз таваллуди ман сар шуда буд. Модари биологии ман аспиранти чавон, бешавхар буд ва ба кароре омад, ки маро ба фарзанди дихад. Вай истодагари кард, то ки маро шахсони маълумоти олидор ба фарзанди кабул кунанд, барои хамин ба ман муяссар шуд, фарзандхонди хукушинос ва зани вай шавам. Рости чанд дакикае пеш аз ба дунё омадани ман , онхо карор доданд, ки духтар мехоханд. Барои хамин онхоро шаб телефон карда пурсидан: «Тасодуфан писар таваллуд шудааст. Шумо уро мехохед?» Онхо гуфтанд: «Албатта». Баъд модари биологии ман фахмид, ки модархонди ман-хатмкунандаи колеч нест, падархондам бошад, хеч вакт хатмкунандаи мактаб набуд. Вай имзо кардани когазхоро дар бораи писархонди рад кард. Ва танхо чанд мох баъд вай рози шуд, вакте, ки волидони ман ваъда доданд, ки ман хатман ба колеч меравам. Ва 17 сол баъд ман рафтам. Вале ман соддалавхона колечро интихоб кардам, ки кариб мисли Стэндфорд киммат буд ва хамаи захираи волидонам барои омодашави ба он сарф шуд. Баъди шаш мох ман максади хонданани худро намедидам. Ман намедонистам, ки чи мехохам дар зиндагиям бикунам ва намефахмидам, ки колеч ба ман барои инро фахмидан чи кумак мекунад. Ва акнун ман танхо пулхои волидонамро, ки онхо тамоми умр чамъ карда буданд харч мекардам. Барои хамин ман карор додам, ки колечро партоям ва бовар кунам, ки хамааш хуб мешавад. Дар аввал ман тарсида будам, аммо холо ба гузашта менигарам, мефахмам, ки ин аз хама карори бехтарин дар хаёти ман аст. (Ханда) Дар он лахзае, ки ман колечро партофтам, ман тавонистам дигар нагуям, ки дарсхои зарури ба ман шавковар нестанд ва ба онхое равам, ки шавковар менамуданд. Хамаи чиз хаёлпарастона набуд. Ман дар хобгох уток надоштам, барои хамин ман дар болои фарши утокхои дустонам мехобидам, ман шишахои Коларо ба 5 сент мефурухтам, то ки хурок харам ва 7 мил аз байни шахр хар бегохи якшанбе рох мерафтам, то ки як бор дар хафта дар ибодатхонаи кришнаитхо нагз хурок хурам. Вай ба ман маъкул буд. Ва бисёр чизхое, ки ман аз руи гувохии дил ва кунчковиам во хурдам, дертар киммати худро пайдо карданд. Ана ба шумо мисол: Reed College доим дарсхои бехтарини хушхатнависи медод. Чи тавре, ки ман фарк мекардам ва дарсхои лозимиро намегирифтам, ман ба дарсхои хушхатнависи худамро номнавис кардам. Ман дар бораи serif ва san serif фахмидам, дар бораи фосилаи байни мувофикатии харфхо, дар бораи он, ки чи матбааи хубро хубтар мекунад. Вай зебо, таърихи буд ва то он дарачае санъаткорона нозук аст, ки илм инро фахмида наметавонист. Ягон чиз барои хаёти ман аз инхо мухим наменамуданд. Вале баъд аз дах сол, вакте, ки мо Макинтоши якумро тайёр мекардем, хамаи ин даркор шуд. Ва Мак якум компютери бо матбааи зебо шуд. Агар ман дар хамон дарс дар колеч худамро номнавис намекардам, Мак хеч гох дорои якчанд гарнитур ва харфхои мутаносиб намешуд. Чи тавре, ки Windows-ро аз хамин Мак руйбардор карданд, хатто компютерхои шахси, умуман инхо набуданд. (ханда ва карсак) Агар ман озод намешудам, ман хеч гох ба он дарси хушхатнивиси худамро номнавис намекардам ва компютерхо чун хозира хеч гох дорои чунин матбааи хайратангез намешуданд. Албатта, он вакте, ки ман дар колеч будам, хамаи нуктахоро якчоя пайваст карда намешуд. Вале баъди дах сол хамаи чиз хело ва хело аён шуд. Боз як бори дигар: ба пеш нигох карда, шумо нуктахоро пайваст карда наметавонед, шумо ба гузашта нигох карда, онхоро метавонед пайваст кунед. Барои хамин ба шумо лозим аст, ки ба нуктахое бовар кунед, ки шумо ягон хел дар оянда пайваст мекунед. Ба шумо лозим меояд, ки ба чизе умед бандед: ба сарнавишт, ба рафтор, ба зиндаги – чизе, ки хохед. Чунин муносибат хеч гох маро дар холати ногувор намондааст ва он хаёти маро дигар кард. Киссаи дуюми ман-дар бораи ишк ва аз даст додан. Ба ман омад кард-ман чизеро, ки дар зиндагидуст медоштам кардан, хеле барвакт ёфтам. Woz ва ман Apple-ро дар гаражи волидони ман таъсис кардем, вакте, ки ман 20 сол доштам. Мо сахт мехнат кардем ва баъди дах сол Apple аз ду шахси дар гараж то $2-миллиард корхона бо 4000 коргар расид. Мо аз хама офариниши бехтарини худро-Макинтош-ро як сол пеш баровардем, ки ман хануз 30 сол доштам. Ва баъд маро аз кор хорич карданд. Чи хел шуморо аз корхонае, ки худатон асос гузоштаед, метавонанд биронанд? Ба сатхи афзоиши Apple мо коргарони болаёкатро ба кор гирифтем, то ки ба ман дар рохбарии корхона кумак кунанд ва дар панч соли аввал хамааш нагз мерафт. Вале баъд пешбинихои мо аз хад гузашт ва мо дар охир чанги шудем. Шурои директорон ба тарафи вай гузаштанд. Барои хамин ман дар 30 солаги аз кор озод будам. Илова ба ин дар байни омма. Чизе,ки маънои хаёти ман буд, гум шуд. Ман чанд мох намедонистам, ки чи кор кунам. Ман хис мекардам, ки ман насли гузаштаи сохибкоронро хичолатманд кардам, ки ман чубчаи таъсирбахшро афтондам, вакте, ки онро ба ман медоданд. Ман бо David Packard ва Bob Noyce во хурдам ва хостам, ки барои кори кардаам бахшиш пурсам. Ин шикасти оммави буд ва ман хатто фикр кардам, ки кучое дуртар гурезам. Вале чизе охиста дар ман падидор шуд-ман то хол дуст медоштам чизе, ки мекардам. Рафти ходисахои Apple танхо андак хамаро дигар кард. Ман радкардашуда будам, вале ман дуст медоштам. Ва дар охир ман карор додам, ки хамаро аз сари нав огоз намоям. Он вактхо ман инро намефахмидам, вале маълум шуд, ки рондан аз Apple хубтарин чизе буд, ки бо ман рух дода буд. Вазнинии шахси бобарор ба сабукфикрии шуруъкунанда, дилпурии камтар ба чизе табдил ёфт. Ман озод шудам ва ба яке аз бехтарин мархилаи фаъоли хаёти дохил шудам. Дар тули панч соли оянда ман ширкати NeXT-ро асос гузоштам, дигар ширкатро бо номи Pixar, ва ба зани бисёр нагз ошик шудам, ки завчаи ман шуд. Pixar якумин филми аниматсионии компютериро офарид,ва Toy Story холо яке аз бомуваффакияттарин студияи аниматсиони дар дунё ба хисоб меравад, [карсак ва хуштак] дар рафти ходисахои таачубовар, Apple NeXT-ро харидори кард, ман ба Apple баргаштам ва технологияи дар NeXT тайёркардашуда зиндашавии дили Apple-и хозира шуд. Laurene ва ман оилаи бехтарин шудем. Ман бовари дорам, ки хеч чизе аз инхо намешуд, агар маро аз Apple намеронданд. Дору талх буд, вале беморро кумак кард. Баъзан зиндаги шуморо бо хишт ба саратон мезанад. Бовариатонро гум накунед. Ман бовари хосил кардам, ки ягона чизе, ки барои давом додани корам кумак кард ба ман, ин буд, ки ман кори худро дуст медоштам. Ба шумо лозим аст чизеро ёбед, ки дуст медоред. Ва ин хам барои кор ва хам барои муносибат дуруст аст. Кори шумо кисми зиёди хаёти шуморо пур мекуна ва усули ягонаи пурра рози будан-коре, ки ба фикри шумо кори бузург аст кунед. Ва усули ягонаи кори бузургро кардан-чизе, ки мекунед, дуст доштан. Агар шумо кори худро наёфтаед, бикобед. Наистед. Чи хеле, ки ин бо корхои аз дил мешавад, шумо мефахмед, вакте, ки меёбед. Ва мисли дилхох муносибатхои хуб, онхо сол то сол хубтар ва хубтар мешаванд. Барои хамин кобед, то вакте, ки наёбед. Наистед. (Карсак) Киссаи сеюми ман-дар бораи марг. Вакте, ки ман 17 сол доштам, ман иктибосе кариб ба мисли ин хондам: «Агар шумо хар рузро ба мисле, ки охирон аст, зиндаги кунед, ягон вакт шумо хак мебароед.» [ханда] Иктибос ба ман таассурот бахшид ва 33 сол боз ман хар руз дар оина нигох мекунам ва аз худам мепурсам: «Агар имруз дар хаёти ман охирон бошад, ман мехостам чизеро бикунам, ки имруз максад доштам?» Ва чун чавоб «Не» буд, дар давоми чанд руз пайхам ман фахмидам, ки бояд чизеро иваз намоям. Фикр дар бораи оне, ки ман ба наздики мефавтам- олоти мухимест, кидар кабул кардани карорхои мухим дар хаётам кумак мекунад. Барои он, ки хамаи бокимондааш-фикри бегона аст, хамаи ин гурур, хамаи ин тарси хичолат ё фурурави – хамаи ин чизхо дар назди марг меафтанд, факат чизеро, ки дар хакикат мухим аст боки мемонад. Фикр дар бораи марг-тарзи бехтарини гурехтан аз фикре, ки шумо чизе, ки аз даст дода метавонед доред мебошад. Шумо аллакай урёнед. Шумо дигар сабаби аз пайи овози худ нарафтанро надоред. Кариб як сол пеш ба ман ташхиси касали монданд: саратон. Ба ман дар соати 7:30 сахар скан омад ва вай аён варамро дар гадуди зери меъда нишон медод. Ман хатто намедонистам, ки гадуди зери меъда чист. Духтурон ба ман гуфтанд, ки ин як намуди саратон мебошад ва табобат намешавад ва ман на зиёд аз се-шаш мох зинда мемонам. Духтури ман маслихат дод, ки ба хона равам ва корхоямро чобачо кунам (чунин аз духтурон, мефахмонад, ки ба марг омода шавед). Ин чунин маъно дорад, ки кушиш куни ба кудаконат онро гуи, ки дар дах соли оянда мехости бигуи. Ин чунин маъно дорад, ки бовар куни, ки хамаи чиз ба неки сохта шудааст, чуноне, ки ба оилаи ту чи кадаре, ки лозим аст осон бошад. Ин маънои хайрухуш карданро дорад. Ман бо ин ташхис рузи дароз зиндаги кардам. Дертари шаб маро биопсия карданд-ба гулуям эндоскоп адохтанд, аз байни меъда ва рудахо бурида, сузанро ба гадуди зери меъда дохил карданд ва якчанд хучайра аз варам гирифтанд. Ман хобида будам, вале хамсари ман, ки дар он чо буд, гуфт, ки вакте духтурон хучайрахоро дар таги микроскоп диданд, онхо дод заданд, барои он, ки саратон яке аз намудхои камёби гадуди зери меъда буд, ки бо чаррохи табобат карда мешуд. Маро чаррохи карданд ва холо ман хуб хастам. [карсак] Марг он вакт ба ман аз хама наздик омада буд, ва бовари дорам, ки баъди якчанд дахсолаи оянда. Инро аз сар гузаронида ман холо бо боварии том, аз он вакте, ки марг фоидаовар буд, вале тоза тахмини бофта инро гуфта метавонам: Хеч кас мурдан намехохад. Хатто шахсоне, ки мехоханд ба осмонхо раванд, мурдан намехоханд. Вале марг-чои таъинкардашуда барои хамаи мо аст. Хеч кас хеч гох онро гурехта натавонист. Хамин тавр хам бояд бошад, барои он, ки Марг, эхтимол, аз хама кашфиёти бехтарини Хаёт аст. Вай — сабаби тагйиротхост. Вай кухнаро тоза мекунад, то ки рох барои навигариро кушояд. Хозир нав — ин шумоед, вале ягон вакт (на он кадар бисёр хам мондааст) — шумо кухна мешавед ва шуморо тоза мекунанд. Бубахшед барои чунин драматизм, вале ин рост аст. Вакти шумо махдуд аст, барои хамин онро ба хаёти дигари, хаёти бегона сарф накунед. Ба фиреби догмае, ки ба фикрхои шахсони дигар зиндаги кунед мегуяд — наафтед. Гавгои фикри дигаронро нагузоред, ки овози дарунии шуморо хомуш (зер) кунад. Ва аз хама мухим часури дошта бошед, то дил ва хисси пешакии худро пайрави кунед. Онхо бо кадом усуле аллакай медонанд, ки шумо ки шудан мехохед. Хамаи бокимондааш дуюмдарача аст. [карсак] Вакте, ки ман чавон будам, ман нашрияи таачубовари The Whole Earth Catalog (Фехрасти хамаи чахон)-ро хондам, ки хамчун нашрияи "мукаддаси" насли ман буд. Онро чавоне бо номи Stewart Brand навишта буд, ки дар наздикии Menlo Park зиндаги мекард. Ин дар охирхои солхои шастум буд, пеш аз компютерхои шахси ва нашриёти руимизи буд, барои хамин вай ба воситаи мошинаи навиштани, кайчи ва расмхо сохта шуда буд. Чизе ба мисли Google, дар намуди когази, 35 сол пеш аз Google. Нашрияи хаёлпарастона ва пур аз акидахои нав буд. Steward ва гурухи вай якчанд нашри The Whole Earth Catalog-ро карданд ва дар охир шумораи хотимавиро нашр карданд. Ин дар байни солхои 70-ум буд ва ман хамсинусоли шумо будам. Дар сахифаи охираш сурати рох дар сахари барвакт акс ёфта буд, ба мисли оне, ки шумо мумкин мошинро доштед, агар шумо ходисаро дуст доред. Дар таги вай чунин суханхо буданд: «Гурусна бимонед. Беэхтиёт бимонед.» Ин паёми хотимавии онхо буд. Гурусна бимонед.Беэхтиёт бимонед. Ва ман доим инро барои худам мехостам. Ва акнун вакте, ки шумо донишгохро хатм кардаистодаед ва аз сари нав огоз мекунед, ман ба шумо инро орзу мекунам. Гурусна бимонед. Беэхтиёт бимонед. Ба хама ташаккури зиёд. [карсаки шунавандагон] [Донишгохи Стэнфорд - www.stanford.edu] Рови: ин намоиш бо хукукхои муаллифии Донишгохи Стэнфорд мухофизат шудааст. Сомонаи мо: stanford.edu