0:00:06.485,0:00:07.508 [Донишгоҳи Стэнфорд www.stanford.edu] 0:00:07.508,0:00:13.316 Рови: Ин барнома аз тарафи Донишгоҳи Стэнфорд пешниход шудааст. Мархамат кунед ба сомонаи мо: stanford.edu 0:00:15.055,0:00:21.534 [Қарсак] 0:00:21.534,0:00:22.842 Стив Ҷобс: Рахмат. 0:00:24.964,0:00:26.818 [Стив Ҷобс - раиси Apple ва Pixar Animation] 0:00:27.034,0:00:32.130 Ҷобс: Барои ман ифтихори калон аст имруз бо шумо дар супоридани дипломхои яке аз донишгоххои бехтарини дунё иштирок намоям. 0:00:32.130,0:00:35.381 [садои ҳуштаки тамошобинон] 0:00:35.689,0:00:45.574 Иқрор мешавам, ман коллеҷро хатм накардаам. Ягон вакт ба мисли ҳозира ба хатм наздик нашуда будам. 0:00:46.098,0:00:47.686 (Ханда) 0:00:47.948,0:00:54.267 Ман имруз се киссаро аз ҳаёти худам ба шумо накл кардан мехохам. Ва тамом. Ягон чизи бузург не. Танхо се кисса. 0:00:55.481,0:00:59.036 Киссаи якум-дар бораи васлкунии нуктахо. 0:01:00.712,0:01:08.197 Ман Reed College-ро баъди 6 мохи хониш партофтам, вале он чо хамчун «мехмон» боз 18 мохи дигар мондам, То вакте, ки окибат нарафтам. 0:01:09.095,0:01:10.834 Барои чи ман хонданро партофтам? 0:01:12.180,0:01:13.949 Хамаи чиз пеш аз таваллуди ман сар шуда буд. 0:01:15.101,0:01:21.273 Модари биологии ман аспиранти чавон, бешавхар буд ва ба кароре омад, ки маро ба фарзанди дихад. 0:01:22.095,0:01:25.988 Вай истодагари кард, то ки маро шахсони маълумоти олидор ба фарзанди кабул кунанд, 0:01:25.988,0:01:30.666 барои хамин ба ман муяссар шуд, фарзандхонди хукушинос ва зани вай шавам. 0:01:31.581,0:01:36.542 Рости чанд дакикае пеш аз ба дунё омадани ман , онхо карор доданд, ки духтар мехоханд. 0:01:37.653,0:01:42.346 Барои хамин онхоро шаб телефон карда пурсидан: 0:01:43.190,0:01:49.204 «Тасодуфан писар таваллуд шудааст. Шумо уро мехохед?» Онхо гуфтанд: «Албатта». 0:01:50.627,0:01:58.247 Баъд модари биологии ман фахмид, ки модархонди ман-хатмкунандаи колеч нест, падархондам бошад, хеч вакт хатмкунандаи мактаб набуд. 0:01:58.775,0:02:02.116 Вай имзо кардани когазхоро дар бораи писархонди рад кард. 0:02:03.275,0:02:11.678 Ва танхо чанд мох баъд вай рози шуд, вакте, ки волидони ман ваъда доданд, ки ман хатман ба колеч меравам. 0:02:13.649,0:02:21.452 Ва 17 сол баъд ман рафтам. Вале ман соддалавхона колечро интихоб кардам, ки кариб мисли Стэндфорд киммат буд 0:02:22.207,0:02:26.584 ва хамаи захираи волидонам барои омодашави ба он сарф шуд. 0:02:27.303,0:02:30.175 Баъди шаш мох ман максади хонданани худро намедидам. 0:02:30.458,0:02:35.932 Ман намедонистам, ки чи мехохам дар зиндагиям бикунам ва намефахмидам, ки колеч ба ман барои инро фахмидан чи кумак мекунад. 0:02:36.582,0:02:40.850 Ва акнун ман танхо пулхои волидонамро, ки онхо тамоми умр чамъ карда буданд харч мекардам. 0:02:42.323,0:02:46.790 Барои хамин ман карор додам, ки колечро партоям ва бовар кунам, ки хамааш хуб мешавад. 0:02:47.408,0:02:52.249 Дар аввал ман тарсида будам, аммо холо ба гузашта менигарам, мефахмам, ки ин аз хама карори бехтарин дар хаёти ман аст. 0:02:52.937,0:02:53.991 (Ханда) 0:02:54.068,0:02:59.071 Дар он лахзае, ки ман колечро партофтам, ман тавонистам дигар нагуям, 0:02:59.501,0:03:03.504 ки дарсхои зарури ба ман шавковар нестанд ва ба онхое равам, ки шавковар менамуданд. 0:03:04.580,0:03:13.822 Хамаи чиз хаёлпарастона набуд. Ман дар хобгох уток надоштам, барои хамин ман дар болои фарши утокхои дустонам мехобидам, ман шишахои Коларо ба 5 сент мефурухтам, то ки хурок харам 0:03:14.397,0:03:21.312 ва 7 мил аз байни шахр хар бегохи якшанбе рох мерафтам, то ки як бор дар хафта дар ибодатхонаи кришнаитхо нагз хурок хурам. 0:03:21.716,0:03:23.210 Вай ба ман маъкул буд. 0:03:23.580,0:03:29.722 Ва бисёр чизхое, ки ман аз руи гувохии дил ва кунчковиам во хурдам, дертар киммати худро пайдо карданд. 0:03:29.876,0:03:31.354 Ана ба шумо мисол: 0:03:32.759,0:03:37.683 Reed College доим дарсхои бехтарини хушхатнависи медод. 0:03:37.992,0:03:44.635 Чи тавре, ки ман фарк мекардам ва дарсхои лозимиро намегирифтам, 0:03:45.024,0:03:52.489 ман ба дарсхои хушхатнависи худамро номнавис кардам. 0:03:52.692,0:03:59.285 Ман дар бораи serif ва san serif фахмидам, дар бораи фосилаи байни мувофикатии харфхо, 0:03:59.582,0:04:02.355 дар бораи он, ки чи матбааи хубро хубтар мекунад. 0:04:02.899,0:04:11.026 Вай зебо, таърихи буд ва то он дарачае санъаткорона нозук аст, ки илм инро фахмида наметавонист. 0:04:11.730,0:04:16.231 Ягон чиз барои хаёти ман аз инхо мухим наменамуданд. 0:04:17.005,0:04:22.911 Вале баъд аз дах сол, вакте, ки мо Макинтоши якумро тайёр мекардем, хамаи ин даркор шуд. 0:04:23.050,0:04:28.612 Ва Мак якум компютери бо матбааи зебо шуд. 0:04:29.077,0:04:32.364 Агар ман дар хамон дарс дар колеч худамро номнавис намекардам, 0:04:32.486,0:04:36.549 Мак хеч гох дорои якчанд гарнитур ва харфхои мутаносиб намешуд. 0:04:36.962,0:04:42.231 Чи тавре, ки Windows-ро аз хамин Мак руйбардор карданд, хатто компютерхои шахси, умуман инхо набуданд. 0:04:42.468,0:04:49.387 (ханда ва карсак) 0:04:49.572,0:04:53.668 Агар ман озод намешудам, ман хеч гох ба он дарси хушхатнивиси худамро номнавис намекардам 0:04:53.729,0:04:57.601 ва компютерхо чун хозира хеч гох дорои чунин матбааи хайратангез намешуданд. 0:04:57.923,0:05:02.194 Албатта, он вакте, ки ман дар колеч будам, хамаи нуктахоро якчоя пайваст карда намешуд. 0:05:02.484,0:05:06.349 Вале баъди дах сол хамаи чиз хело ва хело аён шуд. 0:05:06.595,0:05:12.104 Боз як бори дигар: ба пеш нигох карда, шумо нуктахоро пайваст карда наметавонед, шумо ба гузашта нигох карда, онхоро метавонед пайваст кунед. 0:05:12.374,0:05:16.162 Барои хамин ба шумо лозим аст, ки ба нуктахое бовар кунед, ки шумо ягон хел дар оянда пайваст мекунед. 0:05:16.365,0:05:21.131 Ба шумо лозим меояд, ки ба чизе умед бандед: 0:05:21.374,0:05:27.284 ба сарнавишт, ба рафтор, ба зиндаги – чизе, ки хохед. 0:05:27.468,0:05:32.111 Чунин муносибат хеч гох маро дар холати ногувор намондааст ва он хаёти маро дигар кард. 0:05:37.972,0:05:42.253 Киссаи дуюми ман-дар бораи ишк ва аз даст додан. 0:05:43.408,0:05:47.535 Ба ман омад кард-ман чизеро, ки дар зиндагидуст медоштам кардан, хеле барвакт ёфтам. 0:05:47.977,0:05:51.156 Woz ва ман Apple-ро дар гаражи волидони ман таъсис кардем, вакте, ки ман 20 сол доштам. 0:05:51.367,0:05:59.303 Мо сахт мехнат кардем ва баъди дах сол Apple аз ду шахси дар гараж то $2-миллиард корхона бо 4000 коргар расид. 0:05:59.608,0:06:04.777 Мо аз хама офариниши бехтарини худро-Макинтош-ро як сол пеш баровардем, ки ман хануз 30 сол доштам. 0:06:05.937,0:06:07.168 Ва баъд маро аз кор хорич карданд. 0:06:08.545,0:06:11.115 Чи хел шуморо аз корхонае, ки худатон асос гузоштаед, метавонанд биронанд? 0:06:11.913,0:06:18.038 Ба сатхи афзоиши Apple мо коргарони болаёкатро ба кор гирифтем, то ки ба ман дар рохбарии корхона кумак кунанд 0:06:18.254,0:06:20.527 ва дар панч соли аввал хамааш нагз мерафт. 0:06:20.681,0:06:25.095 Вале баъд пешбинихои мо аз хад гузашт ва мо дар охир чанги шудем. 0:06:25.258,0:06:28.229 Шурои директорон ба тарафи вай гузаштанд. 0:06:28.447,0:06:32.351 Барои хамин ман дар 30 солаги аз кор озод будам. 0:06:32.827,0:06:37.441 Илова ба ин дар байни омма. Чизе,ки маънои хаёти ман буд, гум шуд. 0:06:37.857,0:06:40.057 Ман чанд мох намедонистам, ки чи кор кунам. 0:06:40.645,0:06:46.997 Ман хис мекардам, ки ман насли гузаштаи сохибкоронро хичолатманд кардам, ки ман чубчаи таъсирбахшро афтондам, вакте, ки онро ба ман медоданд. 0:06:47.589,0:06:53.238 Ман бо David Packard ва Bob Noyce во хурдам ва хостам, ки барои кори кардаам бахшиш пурсам. 0:06:53.796,0:06:57.664 Ин шикасти оммави буд ва ман хатто фикр кардам, ки кучое дуртар гурезам. 0:06:57.977,0:07:03.285 Вале чизе охиста дар ман падидор шуд-ман то хол дуст медоштам чизе, ки мекардам. 0:07:04.316,0:07:10.651 Рафти ходисахои Apple танхо андак хамаро дигар кард. Ман радкардашуда будам, вале ман дуст медоштам. 0:07:11.647,0:07:13.309 Ва дар охир ман карор додам, ки хамаро аз сари нав огоз намоям. 0:07:14.345,0:07:20.374 Он вактхо ман инро намефахмидам, вале маълум шуд, ки рондан аз Apple хубтарин чизе буд, ки бо ман рух дода буд. 0:07:20.482,0:07:27.122 Вазнинии шахси бобарор ба сабукфикрии шуруъкунанда, дилпурии камтар ба чизе табдил ёфт. 0:07:27.611,0:07:30.442 Ман озод шудам ва ба яке аз бехтарин мархилаи фаъоли хаёти дохил шудам. 0:07:30.887,0:07:35.481 Дар тули панч соли оянда ман ширкати NeXT-ро асос гузоштам, дигар ширкатро бо номи Pixar, 0:07:35.802,0:07:38.633 ва ба зани бисёр нагз ошик шудам, ки завчаи ман шуд. 0:07:38.931,0:07:47.529 Pixar якумин филми аниматсионии компютериро офарид,ва Toy Story холо яке аз бомуваффакияттарин студияи аниматсиони дар дунё ба хисоб меравад, 0:07:47.804,0:07:49.443 [карсак ва хуштак] 0:07:49.443,0:07:54.585 дар рафти ходисахои таачубовар, Apple NeXT-ро харидори кард, ман ба Apple баргаштам 0:07:54.764,0:07:58.841 ва технологияи дар NeXT тайёркардашуда зиндашавии дили Apple-и хозира шуд. 0:07:59.261,0:08:02.508 Laurene ва ман оилаи бехтарин шудем. 0:08:03.317,0:08:07.131 Ман бовари дорам, ки хеч чизе аз инхо намешуд, агар маро аз Apple намеронданд. 0:08:07.573,0:08:11.147 Дору талх буд, вале беморро кумак кард. 0:08:11.740,0:08:15.742 Баъзан зиндаги шуморо бо хишт ба саратон мезанад. 0:08:15.971,0:08:21.314 Бовариатонро гум накунед. Ман бовари хосил кардам, ки ягона чизе, ки барои давом додани корам кумак кард ба ман, ин буд, ки ман кори худро дуст медоштам. 0:08:21.761,0:08:26.982 Ба шумо лозим аст чизеро ёбед, ки дуст медоред. Ва ин хам барои кор ва хам барои муносибат дуруст аст. 0:08:27.639,0:08:34.280 Кори шумо кисми зиёди хаёти шуморо пур мекуна ва усули ягонаи пурра рози будан-коре, ки ба фикри шумо кори бузург аст кунед. 0:08:34.510,0:08:38.331 Ва усули ягонаи кори бузургро кардан-чизе, ки мекунед, дуст доштан. 0:08:38.567,0:08:42.651 Агар шумо кори худро наёфтаед, бикобед. Наистед. 0:08:43.067,0:08:46.503 Чи хеле, ки ин бо корхои аз дил мешавад, шумо мефахмед, вакте, ки меёбед. 0:08:46.694,0:08:51.513 Ва мисли дилхох муносибатхои хуб, онхо сол то сол хубтар ва хубтар мешаванд. 0:08:51.631,0:08:54.280 Барои хамин кобед, то вакте, ки наёбед. Наистед. 0:08:57.469,0:09:04.165 (Карсак) 0:09:04.658,0:09:07.612 Киссаи сеюми ман-дар бораи марг. 0:09:08.730,0:09:12.062 Вакте, ки ман 17 сол доштам, ман иктибосе кариб ба мисли ин хондам: 0:09:12.532,0:09:17.716 «Агар шумо хар рузро ба мисле, ки охирон аст, зиндаги кунед, ягон вакт шумо хак мебароед.» 0:09:18.030,0:09:19.750 [ханда] 0:09:20.350,0:09:27.501 Иктибос ба ман таассурот бахшид ва 33 сол боз ман хар руз дар оина нигох мекунам ва аз худам мепурсам: 0:09:27.647,0:09:33.201 «Агар имруз дар хаёти ман охирон бошад, ман мехостам чизеро бикунам, ки имруз максад доштам?» 0:09:33.383,0:09:38.989 Ва чун чавоб «Не» буд, дар давоми чанд руз пайхам ман фахмидам, ки бояд чизеро иваз намоям. 0:09:39.905,0:09:46.643 Фикр дар бораи оне, ки ман ба наздики мефавтам- олоти мухимест, кидар кабул кардани карорхои мухим дар хаётам кумак мекунад. 0:09:47.254,0:09:54.097 Барои он, ки хамаи бокимондааш-фикри бегона аст, хамаи ин гурур, хамаи ин тарси хичолат ё фурурави 0:09:54.097,0:09:59.842 – хамаи ин чизхо дар назди марг меафтанд, факат чизеро, ки дар хакикат мухим аст боки мемонад. 0:09:59.949,0:10:07.279 Фикр дар бораи марг-тарзи бехтарини гурехтан аз фикре, ки шумо чизе, ки аз даст дода метавонед доред мебошад. 0:10:07.462,0:10:12.389 Шумо аллакай урёнед. Шумо дигар сабаби аз пайи овози худ нарафтанро надоред. 0:10:13.118,0:10:16.660 Кариб як сол пеш ба ман ташхиси касали монданд: саратон. 0:10:17.559,0:10:22.533 Ба ман дар соати 7:30 сахар скан омад ва вай аён варамро дар гадуди зери меъда нишон медод. 0:10:22.746,0:10:25.038 Ман хатто намедонистам, ки гадуди зери меъда чист. 0:10:25.514,0:10:34.658 Духтурон ба ман гуфтанд, ки ин як намуди саратон мебошад ва табобат намешавад ва ман на зиёд аз се-шаш мох зинда мемонам. 0:10:34.927,0:10:42.652 Духтури ман маслихат дод, ки ба хона равам ва корхоямро чобачо кунам (чунин аз духтурон, мефахмонад, ки ба марг омода шавед). 0:10:42.944,0:10:50.659 Ин чунин маъно дорад, ки кушиш куни ба кудаконат онро гуи, ки дар дах соли оянда мехости бигуи. 0:10:51.149,0:10:56.482 Ин чунин маъно дорад, ки бовар куни, ки хамаи чиз ба неки сохта шудааст, чуноне, ки ба оилаи ту чи кадаре, ки лозим аст осон бошад. 0:10:56.810,0:10:58.642 Ин маънои хайрухуш карданро дорад. 0:11:00.514,0:11:02.940 Ман бо ин ташхис рузи дароз зиндаги кардам. 0:11:03.389,0:11:10.265 Дертари шаб маро биопсия карданд-ба гулуям эндоскоп адохтанд, аз байни меъда ва рудахо бурида, 0:11:10.452,0:11:14.069 сузанро ба гадуди зери меъда дохил карданд ва якчанд хучайра аз варам гирифтанд. 0:11:14.587,0:11:22.526 Ман хобида будам, вале хамсари ман, ки дар он чо буд, гуфт, ки вакте духтурон хучайрахоро дар таги микроскоп диданд, онхо дод заданд, 0:11:22.721,0:11:27.711 барои он, ки саратон яке аз намудхои камёби гадуди зери меъда буд, ки бо чаррохи табобат карда мешуд. 0:11:28.214,0:11:31.835 Маро чаррохи карданд ва холо ман хуб хастам. 0:11:32.057,0:11:39.699 [карсак] 0:11:40.142,0:11:45.621 Марг он вакт ба ман аз хама наздик омада буд, ва бовари дорам, ки баъди якчанд дахсолаи оянда. 0:11:45.960,0:11:53.539 Инро аз сар гузаронида ман холо бо боварии том, аз он вакте, ки марг фоидаовар буд, вале тоза тахмини бофта инро гуфта метавонам: 0:11:54.797,0:12:00.852 Хеч кас мурдан намехохад. Хатто шахсоне, ки мехоханд ба осмонхо раванд, мурдан намехоханд. 0:12:01.324,0:12:07.074 Вале марг-чои таъинкардашуда барои хамаи мо аст. Хеч кас хеч гох онро гурехта натавонист. 0:12:07.351,0:12:13.946 Хамин тавр хам бояд бошад, барои он, ки Марг, эхтимол, аз хама кашфиёти бехтарини Хаёт аст. 0:12:14.116,0:12:18.353 Вай — сабаби тагйиротхост. Вай кухнаро тоза мекунад, то ки рох барои навигариро кушояд. 0:12:18.910,0:12:27.124 Хозир нав — ин шумоед, вале ягон вакт (на он кадар бисёр хам мондааст) — шумо кухна мешавед ва шуморо тоза мекунанд. 0:12:27.463,0:12:30.697 Бубахшед барои чунин драматизм, вале ин рост аст. 0:12:31.777,0:12:36.719 Вакти шумо махдуд аст, барои хамин онро ба хаёти дигари, хаёти бегона сарф накунед. 0:12:37.099,0:12:41.787 Ба фиреби догмае, ки ба фикрхои шахсони дигар зиндаги кунед мегуяд — наафтед. 0:12:42.272,0:12:46.125 Гавгои фикри дигаронро нагузоред, ки овози дарунии шуморо хомуш (зер) кунад. 0:12:46.333,0:12:50.250 Ва аз хама мухим часури дошта бошед, то дил ва хисси пешакии худро пайрави кунед. 0:12:50.763,0:12:54.518 Онхо бо кадом усуле аллакай медонанд, ки шумо ки шудан мехохед. 0:12:54.896,0:12:57.539 Хамаи бокимондааш дуюмдарача аст. 0:12:59.280,0:13:08.542 [карсак] 0:13:08.773,0:13:17.200 Вакте, ки ман чавон будам, ман нашрияи таачубовари The Whole Earth Catalog (Фехрасти хамаи чахон)-ро хондам, ки хамчун нашрияи "мукаддаси" насли ман буд. 0:13:17.302,0:13:24.767 Онро чавоне бо номи Stewart Brand навишта буд, ки дар наздикии Menlo Park зиндаги мекард. 0:13:25.231,0:13:33.542 Ин дар охирхои солхои шастум буд, пеш аз компютерхои шахси ва нашриёти руимизи буд, барои хамин вай ба воситаи мошинаи навиштани, кайчи ва расмхо сохта шуда буд. 0:13:33.765,0:13:44.032 Чизе ба мисли Google, дар намуди когази, 35 сол пеш аз Google. Нашрияи хаёлпарастона ва пур аз акидахои нав буд. 0:13:44.550,0:13:47.915 Steward ва гурухи вай якчанд нашри The Whole Earth Catalog-ро карданд 0:13:48.202,0:13:52.173 ва дар охир шумораи хотимавиро нашр карданд. 0:13:52.496,0:13:56.349 Ин дар байни солхои 70-ум буд ва ман хамсинусоли шумо будам. 0:13:57.529,0:14:07.291 Дар сахифаи охираш сурати рох дар сахари барвакт акс ёфта буд, ба мисли оне, ки шумо мумкин мошинро доштед, агар шумо ходисаро дуст доред. 0:14:07.912,0:14:15.784 Дар таги вай чунин суханхо буданд: «Гурусна бимонед. Беэхтиёт бимонед.» 0:14:16.275,0:14:22.072 Ин паёми хотимавии онхо буд. Гурусна бимонед.Беэхтиёт бимонед. Ва ман доим инро барои худам мехостам. 0:14:22.758,0:14:27.763 Ва акнун вакте, ки шумо донишгохро хатм кардаистодаед ва аз сари нав огоз мекунед, ман ба шумо инро орзу мекунам. 0:14:28.012,0:14:30.602 Гурусна бимонед. Беэхтиёт бимонед. 0:14:30.905,0:14:32.382 Ба хама ташаккури зиёд. 0:14:32.591,0:14:49.110 [карсаки шунавандагон] 0:14:54.314,0:14:56.841 [Донишгохи Стэнфорд - www.stanford.edu] 0:14:56.918,0:15:00.210 Рови: ин намоиш бо хукукхои муаллифии Донишгохи Стэнфорд мухофизат шудааст. 0:15:00.357,0:15:03.147 Сомонаи мо: stanford.edu